Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каримов аз Кореяи Ҷанубӣ боздид кард


Тибқи иттилои хабаргузории "Авеста", Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Ӯзбекистон аз Кореяи Ҷанубӣ боздид ба амал овардааст. Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Душанбе дар хабари матбуотии худ гуфтааст, ки Ислом Каримов дар посух ба боздиди раҳбари Кореяи Ҷанубӣ аз Ӯзбекистон дар моҳи май аз ин кишвар боздиди ҷавобӣ анҷом додааст. Дар ҷараёни боздиди Ислом Каримов ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷонибҳо баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар наздикии чоҳи гази Сургил як муҷтамаи газу кимиё бунёд кунанд ва истихроҷи гази моеъ густариш ёбад. Барои роҳ ёфтани гази моеъи Ӯзбекистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ, аз ҷумла ширкати "Кореан Эйр" ваъдаи ҳамкорӣ кардааст. Ӯзбекистон гуфтааст, аз фурӯши он дар бозорҳои ҷаҳонӣ даромади бештар ба даст меорад.
XS
SM
MD
LG