Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко натиҷаҳои интихоботро ба додгоҳ мекашад


Юлия Тимошенко-нахуствазири Украина мегӯяд, вай далелҳое дар даст дорад, ки рақиби интихоботии вай Виктор Янукович
7-ӯми феврал дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ вайро фиреб додааст. Ба ин сабаб хонум Тимошенко ба нақша гирифтааст, ки натиҷаҳои интихоботро ба додгоҳ кашонад. Вай рӯзи шанбе дар як изҳороти телевизионӣ гуфтааст, ки Янукович ҳеҷ гоҳ наметавонад ба таври қонунӣ раиси ҷумҳури мунтахаб бошад. Тимошенко ҳмчунин қавл додааст, ки ҷонибдоронашро мисли Инқилоби Норинҷии соли 2004 ба тазоҳуроти эътирозӣ даъват намекунад, зеро ҳоло Украина оромӣ мехоҳад ва додгоҳ барои баррасии натиҷаҳои интихобот ҷои муносибест. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотии интихобот, ки ҳафтаи пеш эълон шуд, Виктор Янукович 3,5 дарсад бештар аз хонум Тимошенко рай ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG