Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дуввуми амалиёти "Мушатарак" идома дорад


Рӯзи дуввуми амалиёти зидди Толибон дар вулусволии Марҷаи вилояти Ҳилманди Афғонистон идома дорад. Дар ин амалиёт нируҳои Амрико, Британия ва воҳидҳои артиши Афғонистон ширкат мекунанд. Фармондеҳони нируҳои эътилофи байналмиллалӣ мегӯянд, ки онҳо аз пешрафт дар ин амалиёт розианд. Вулусволии Марҷа яке аз пойгоҳҳои шӯришиёни Толиб дар ҷануби Афғонистон ба шумор меравад. Нируҳои НАТО мегӯянд, ки ду сарбози онҳо дар ин амалиёт кушта шудаанд. Яке аз онҳо сарбози Амрико ва дигарӣ сарбози Британия будаанд. Нируҳои Афғонистон мегӯянд, ки дар рӯзи аввали амалиёт, яъне дар рӯзи шанбе 20 нафар аз шӯришиёни Толиб кушта шудаанд. Мақомоти низомӣ мегӯянд, ки Толибон дар посух ба ин ҳамлаи нируҳои эътилофӣ ва нируҳои артиши Афғонистон муқовемати пароканда нишон додаанд. Бо вуҷуди ин, пешрафти нируҳои эътилофӣ кунд шудааст, зеро шӯришиён пас аз худ дар маҳали амалиёт бамҳо ва минаҳо кор гузоштаанд. Нируҳои НАТО гфтаанд, ки онҳо умедворанд шаҳраки Марҷа ва вулусволии Нод Алиро аз шӯришиён пок ва дар он ҷо ҳукумати маҳаллиро барқарор кунанд. Баъд аз барқарории ҳукумати маҳаллӣ кӯмакҳо барои рушди минтақа оғоз мешавад. Ин минтақа пойгоҳи Толибон ва соҳаи аслии кишти тарёк ба шумор меравад.
Дар амалиёте, ки зери номи рамзии "Муштарак" анҷом мегирад, бештар аз 15 000 нируҳои Амрико, Бритнаия ва Афғонистон ширкат доранд ва он баъд аз соли 2001 ба ин сӯ, яъне баъд аз суқути Толибон дар Кобул бузургтарин амалиёти зидди Толибон дар Афғонистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG