Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази ҷумҳуриявии наркологии Тоҷикистон ҷиҳати табобати майзадагон аз кодзанӣ ё дар зери пӯсти бемор гузоштани барномаи махсусе кор мегирад.

Фирӯза Шомаҳмадова, нарколог-равоншиноси Маркази ҷумҳуриявии наркологии Тоҷикистон, мегӯяд, ин усули табобат, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ вуҷуд дошт, бо сабаби камбуди доруву дармон ва афзудани шумораи мардуми майзада мавриди истифода қарор гирифтааст. Хонум Фирӯза бо изҳори таассуф баён дошт, ки солҳои ахир корафтодагони маркази онҳо аз ҳисоби занону духтарони ҷавон низ афзоиш ёфтааст:

«Талабот ҳамин аст, ки бемор маҷбурӣ не, балки бо хоҳишу иродаи худаш бояд розӣ шавад, ки ӯро код зананд. Чунки дар сурати баъди кодзанӣ такрор кардани майнушӣ аҳволаш метавонад бад шавад. Узвҳои дарунии ӯ метавонад аз кор монад ва бемор фавтиданаш ҳам мумкин аст. Барои ҳамин, баъди код задан бемор ҳатман аввал дар шӯъбаи эҳёгарии марказ хобонида ва зери назар гирифта мешавад. Масалан, як бемори мо, ки бовар накардаааст, ки ин усули табобат барояш марҳилаи ниҳоӣ аст, майнуширо баъди 3 моҳи кодзанӣ идома дод ва вафот кард»


Ба гуфтаи хонум Шомаҳмадова, кодзанӣ охирин марҳилаи табобати чунин маризон будааст. Бемор бояд бо ирода ва ихтиёри худ ва танҳо баъди навиштани забонхат дар бораи он ки дар сурати бо пайомадҳои нохуш анҷом гирифтани табобат аз касе домангир намешавад, код зада мешавад, зеро агар бемори кодзада боз ҳам шаробнӯшиашро идома диҳад, аҳволи саломатиаш бад шуда, ҳатто метавонад бифавтад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, усули кодзанӣ ин аст, ки тариқи сӯзандору ба рагҳои асосии хунгузари бемор доруи махсус гузаронида мешавад. Дар тӯли мӯҳлати муайяншуда агар бемор шароб истеъмол кунад, ин дору хуни ӯро таҳрик медиҳад ва кори узвҳои асосии бемор ба монанди дил, гурда, ҷигар, шуш, ғадудҳои нафаскашӣ ва мағзи сари ӯро зери фишор нигаҳ медорад.

Сулаймон Рӯзиев, як сокини Душанбе, дар сӯҳбат бо мо гуфт, як бародари ӯ, ки собиқаи беш аз 25-солаи майзадагӣ доштааст, бо ихтиёри худ розӣ шудааст, ки ӯро код зананд ва ин усули табобат натиҷаи дилхоҳ додаву, ҳоло ӯ ба ҳаёти солим баргаштааст:

«Як бародари ман 25 сол майзадагӣ кард, хонаву дар ва зану бачаашро аз даст дод. Беобрӯ шуд. Худаш бо хоҳиши худаш гуфт, ки маро бурда код занед. Бурда код задемаш, ҳоло тамоман саломат аст ва аз пайи кору зиндагӣ шудааст.»

Фирӯза Шомаҳмадова инчунин гуфт, дар миёни корафтодагони маркази онҳо майзадагоне, ки дар баробари шароб инчунин маводи мухаддир низ истеъмол мекунанд, зиёданд ва табобати онҳо ба маротиб мушкилтар аст, зеро чунин шахсон рӯҳан низ беморанд ва табобат ба осонӣ ба онҳо кора намекунад.

Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ, дар ҳоли ҳозир, дар ин марказ 70 мӯътоди шароб бистарӣ мебошанд, аммо дар маҷмӯъ танҳо дар ду соли ахир ҳудуди 2000 майзадаву нашъаманд ба ин марказ муроҷиат кардаанд, ки синни ками онҳо 17-18 ва бузургашон 60- -65 сола будааст.
XS
SM
MD
LG