Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назар аз Амрико ба нерӯгоҳи Роғун


Роберт О. Блейк, муовини котиби давлатии Амрико оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, гуфтааст, Амрико аҳамияти амнияти энержии Тоҷикистонро қоил аст ва талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини аҳолӣ, корхонаҳо ва ниҳодҳо бо манбаъи собити энержӣ дастгирӣ мекунад.

Ин ҳарфҳои ҷаноби Блейк, дар як мусоҳибаи вижа бо хабаргузории тоҷикии «Азия-Плюс», дар посух ба суол оид ба назари кишвараш дар мавриди нерӯгоҳи Роғун ба забон омадаанд. Ӯ илова кардааст, ки Амрико аз Тоҷикистон даъват мекунад, то ба ҳини сохтмони тарҳҳои энержии обие чун Роғун назари ҳамсоягонашро низ ба инобат бигирад. Ӯ гуфтааст, бар иловаи нерӯгоҳи Роғун аз Тоҷикистон даъват мекунанд, то мавзӯъи нерӯгоҳҳои хурдро низ баррасӣ бикунад.

Дар ин авохир баҳсҳо сари бунёди нерӯгоҳи Роғун дар сатҳи байнулмилалӣ гарм шудаанд. Пас аз номаи бози сарвазири Узбакистон ба ҳамтои тоҷикаш дар мавзӯъи Роғун якбора намояндагони Русия ва Қазоқистон низ дар ин масъала назари кишварҳояшонро изҳор карданд.

ДАР ИН БОРА БЕШТАР БИХОНЕД

Дар изҳороти ахири сафири Қазоқистон дар Душанбе Абдулатиф Ахмедов аз ҳаққи Тоҷикистон барои бунёди ин тарҳ пуштибонӣ шуда, изҳори омодагӣ мешавад, ки Остона метавонад ҳам дар арзёбии фаннӣ ва ҳам сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун саҳмгузорӣ кунад.

Ҳамчунин, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Яковлев гуфт, ширкатҳои азими кишвараш “ҳузури худро дар тарҳҳои бузурги сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла нирӯгоҳи Роғун тавсеа медиҳанд”. Оқои Яковлев гуфт, чанд ширкати русии дигар барои ширкат дар сохтмони Роғун изҳори омодагӣ кардаанд.

Зимнан, дар мулоқоти ахири раҳбари Сандуқи байналмилалии пул дар Тоҷикистон бо раисҷумҳур Раҳмон дар баробари изҳори эҳтиром ва пуштибонӣ аз мавқеи Душанбе барои сохтмони Роғун таъкид шудааст, ки ҳукумат бояд дар фикри “тарбияи мутахассисони баландпояи касбӣ дар бахши энержӣ” бошад.
XS
SM
MD
LG