Пайвандҳои дастрасӣ

Ду раҳпаймоӣ дар Иркутск барои осиёби коғаз


Имрӯз тақрибан 2 000 нафар дар шаҳри Иркутск, воқеъ дар минтақаи Сибири Русия бар зидди дубора боз шудани корхона ё осиёби коғаз дар соҳили баҳри Байкал раҳпаймоӣ анҷом доданд. Байкал бузургтарин баҳри дорои оби ошомиданӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Раҳпаймоии Иркутскро як созмони ғайридавлатӣ созмон дод ва раҳпаймоён мегӯянд, дар сурати боз шудани осиёби коғаз оби баҳр ва ҳавои минтақа олуда мешавад. Дар Иркутск дар муқобили ин раҳпаймоӣ раҳпаймоии дигаре анҷом гирифт ва онҳо хостори боз шудани осиёби коғаз буданд. Раҳпаймоёни ҷонибдор бар ин ақидаанд, ки дар сурати боз шудани корхона ҷойҳои кории нав ба вуҷуд меояд ва иқтисоди минтақа рушд мекунад.
XS
SM
MD
LG