Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои эътилофи зидди Толибон вориди Марҷа шуданд


Имрӯз ҳазорон нафар сарбозони нируҳои дарёии Амрико ва нируҳои артиши Афғонистон ба пойгоҳи муҳими Толибон ба вулусволии Марҷаи вилояти Ҳилманд ворид шуданд. Ин нируҳо дар муқобили бомбборонҳо ва оташбории шадид танҳо ба муқовемати парокандаи Толибон рӯ ба рӯ шуданд. Ник Картер-фармондеҳи нируҳои паймони НАТО дар ҷануби Афғонистон гуфт, ки дар ин амалиёт 60 чархбол бидуни ҳеҷ мушкилӣ ширкат доранд. Дар бораи талафоти нируҳои эътилофи зидди Толибон гузориш дода намешавад. Аммо гузоришҳо ҳокист, ки 20 толиб дар ин амалиёт кушта, 11 нафари дигари онҳо боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG