Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Волии Ҳилманд:амалиёти низомӣ қадами аввали мост


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти имрӯзи зидди Толибон дар шаҳраки Марҷаи вилояти Ҳилманди ин кишвар дастикам 20 нафар шӯришӣ кушта шудаанд. Генерал Шер Муҳаммад Зазоӣ-фармондеҳи нируҳои афғонӣ дар минтақа гуфт, ки нируҳо ҳамчунин 11 шӯриширо бо аслиҳаи сақил ва норинҷакҳо боздошт кардаанд. Раҳим Вардак-вазири дифои Афғонистон дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни амалиёт муқовемати аслӣ дар атрофи бозори шаҳраки Марҷа мушоҳида шудааст. Гулоб Мангал-волии вилояти Ҳилманд дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, зери контрол даромадани ин вилоят ба мақомоти Афғонистон имкон медиҳад, ки амнияти деринтизор ва идораи умури давлатиро дар ин минтақа ба хубӣ таъмин кунанд. Вай гуфт:

"Тафовути аслӣ ва бунёдии ин амалиёт аз амалиётҳои гузашта ин аст, ки дар ин амалиёт вақте, ки нируҳои мо нуқтаеро дар маҳалҳои муҳими стротегӣ ба контроли худ медароранд, дар сурати зарурат дар он ҷо боқӣ мемонанд. Амалиёти низомӣ бахши аввали нақшаи мост. Сипас мо ба иҷрои барномаҳои густардаи ғайринизомии худ оғоз мекунем".

Президент Ҳомид Карзай бори дигар аз Толибон хостааст, ки аслиҳаи худро дар баробари ин амалиёт ба замин гузоранд. Вай ҳамчунин дархост кардааст, ки дар ин амалиёт мардуми бегуноҳ талаф наёбанд.
XS
SM
MD
LG