Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар амалиёти Марҷа 20 толиб талаф ёфт


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар ҷараёни амалиёти имрӯзи зидди Толибон дар шаҳраки Марҷаи вилояти Ҳилманди ин кишвар дастикам 20 нафар шӯришӣ кушта шудаанд. Генерал Шер Муҳаммад Зазоӣ-фармондеҳи нируҳои афғонӣ дар минтақа гуфт, ки нируҳо ҳамчунин 11 шӯриширо бо аслиҳаи сақил ва норинҷакҳо боздошт кардаанд. Раҳим Вардак-вазири дифои Афғонистон дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни амалиёт муқовемати аслӣ дар атрофи бозори шаҳраки Марҷа мушоҳида шудааст. Президент Ҳомид Карзай бори дигар аз Толибон хостааст, ки аслиҳаи худро дар баробари ин амалиёт ба замин гузоранд. Вай ҳамчунин дархост кардааст, ки дар ин амалиёт мардуми бегуноҳ талаф наёбанд.
XS
SM
MD
LG