Пайвандҳои дастрасӣ

СБП $40 миллиони дигар ба Тоҷикистон қарз медиҳад


Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфтааст, ин ниҳоди молӣ барои соли 2010 40 миллион доллар қарз дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Аксел Шиммелпфенниг-раҳбари намояндагии Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон ин нуктаро баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст. Ин ниҳоди молии байналмиллалӣ гуфтааст, ки барои рафъи мушкилоти бебарқӣ дар Тоҷикистон аз иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистон ҳимоят мекунад. Вай гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои энержии худ бояд коршиносони вазридаро сафарбар кунад. Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфтааст, ин маблағ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои иҷрои барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар ихтиёри ин кишвар гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG