Пайвандҳои дастрасӣ

Оқилов: Узбакистон бояд ба Душанбе ҳайат фиристад


Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон дар мусоҳибае бо Би Би Си гуфтааст, ки ҳамаи масъалаҳои баҳсбарангези миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар робита бо тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон бояд дар паси мизи музокирот ҳал шавад. Нахуствазири Тоҷикистон ба ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки ба Душанбе барои музокира як ҳайати босалоҳият бифиристад, то масъалаҳо дар паси мизи музокира ҳал шавад, на аз роҳи киноягӯӣ. Ба гуфтаи Оқилов, тарҳи ниругоҳи барқи обии Роғун дар давраи Шӯравӣ таҳия ва иҷрои он шурӯъ шуда буд. Соли 2006 низ як ширкати олмонӣ ҷиҳатҳои фаннии тарҳро омӯхт ва амнияти ин ниругоҳ ва зарурати сохтмони онро таъйид карда буд. Нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки ҷониби Узбакистон мехоҳад, ки ин сохтмон мавриди бозрасии як кумиссиюни байналмиллалӣ қарор бигирад. Тоҷикистон гуфтааст, ки мавзеъгириашро дар ин бора аз муддатҳо пеш ва чандин бор рӯшан кардааст ва чунин кумиссиюн ҳамзамон бояд масъалаи истифодаи об дар Осиёи Марказиро низ баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG