Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва моҳияти амнияти энержии Тоҷикистон


Рӯзи ҷумъа дар Вошингтон машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон ба поён расид. Роберт Блейк-муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар поёни ин машваратҳо дар мусоҳибае бо хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки ҷонибҳо масъалаи амният дар марзҳо, ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, интиқоли молу коло аз масири шимол ба Афғонистон, тиҷорат ва шароити сармоягузорӣ, ислоҳоти кишоварзӣ, амнияти ғазоӣ, фазои шаффофи молӣ ва масоили энержиро баррасӣ кардаанд. Муовини вазири умури хориҷаи Амрико гуфтааст, чунин машваратҳо имкон медиҳад, ки дар роҳи ҳали ин масъалаҳо пешрафт ба даст ояд ва дурнамои ҳамкориҳои баъдии миёни ду кишвар муайян шавад. Оқои Блейк гуфтааст, Амрико аҳамияти амнияти энержии Тоҷикистонро дарк мекунад ва аз кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ мекунад, ки мардуми ин кишвар ба манобеи муносиб ва боварибахши энержӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳамзамон вазири умури хориҷаи Амрико аз Тоҷикистон хостааст, ки ҳангоми иҷрои тарҳои энержии обӣ ақидаи ҳамсояҳои худро дар назар бигирад.
XS
SM
MD
LG