Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гушоиши бозиҳои олимпӣ ва фоҷеаи варзишгари гурҷӣ


Гушоиши бозиҳои олимпии зимистона дар Ванкувери Канада ба таври расмӣ эълон шуд ва он ҳам дар ҳоле эълон шуд, ки як варзишгари гурҷӣ ҳангоми машқҳои муқаддамотӣ ба ҳалокат расид. Нодар Кумариташвилии 21-сола рӯзи ҷумъа чанд соат қабл аз оғози бозиҳои олимпӣ ҳангоми машқ бо санкаи худ бо суръати баланд аз хати машқ берун рафт ва ба фоҷеа дучор шуд. Жак Рогге-раиси кумитаи байналмиллалии олимпӣ хитоб ба дастаи Гурҷистон дар робита бо марги варзишгари гурҷӣ гуфт:

"Ин рӯзи хеле бадест. Кумитаи байналмиллалии Олимпӣ мотами амиқ дорад. Варзишгари ҷавони шумо барои иҷрои вазифаи худ ҷон дод. Вай орзӯ дошт, ки дар бозиҳои олимпӣ ширкат ҷӯяд. Вай зиёд машқ карда буд. Вай ба фоҷеъа дучор шуд ва ман намедонам дар ин лаҳзаҳо чӣ тавр эҳсосотамро баён кунам".

Шоми рӯзи ҷумъа дар маросими гушоиши бозиҳои олимпӣ ҳамаи ҳозирин ба по бархостанд ва ба хотираи варзишгари гурҷӣ каф заданд. Аъзои дастаи олимпии Гурҷистон дар парчами давлатии худ ва дар дастонашон навори сиёҳ баста буданд ва бад-ин тариқ хотираи варзишгари худро гиромӣ доштанд.
XS
SM
MD
LG