Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба гузориши интиқодии нозирони САҲА дар робита ба корзори интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар вокуниши мухталиф нишон медиҳанд. Ин мавзӯъ дар меҳвари сӯҳбати мизи гирди Радиои Озодӣ бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносон буд.

Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ ва муддаии курсии вакилӣ аз ҳавзаи интихоботи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе:

«Имрӯз кори ҳам комиссияҳои ҳавзавӣ ва ҳам мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бештар ба манфиати як ҳизб - ҲХДТ равона карда шудааст. Ман ин ҷо ҳодисаеро мисол меорам, ки бо ман рух дод. Дирӯз ба ҳавзаи интихоботии рақами 52-и ноҳияи Сино омадам. Мехостам фаҳмам, ки замони мулоқот бо интихобкунандаҳоро, ки барои кадом рӯз таъин карда бошанд. Раиси комиссияи ҳавзавӣ ҳузур надошт, вале котиби ӯ бо ин гумон, ки ман шояд намояндаи ҳукумат бошам ба ҳисобот додан шурӯъ кард. Ин участка дар микрорайони 33 воқеъ аст. Вай гуфт, ки мо ҳама чизро аллакай тайёр кардаем. Мо ҳама ҷонибдорони Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳастем ва мо аъзои участкаи интихоботӣ ҳама аъзои ҲХДТ ҳастем. Мо таҷрибаи кофӣ дорем, даҳ сол таҷриба дорем. Ман гуфтам, ки мебахшед, шумо маро напурсидед, ки ман кӣ ҳастам? Дар рӯбарӯи шумо намояндаи ҲХДТ нест. Ман яке аз номзадҳо дар ин ҳавзаи интихоботӣ Раҳматулло Зойиров ҳастам ва ман назди шумо омадам ва шиорҳои интихоботии худро овардам. Сипас ман шумораи телефони ӯро сабт кардам. Ба ӯ гуфтам, ки аз ин ба пас дигар саросема нашавад».

Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон:

«Мо имрӯз бо Ҷумъабой Сангинов дар шаҳри Ваҳдат будем ва воқеан дар ин ҷо ҳодисае шуд, ки наметавон онро нодида гирифт. Мо дар ин бора шикояти худро ба додгоҳ хоҳем бурд. Дар шоҳидии садҳо нафар нозири роҳ мошини моро боздошт. Худи сардори ГАИ-и ноҳияи Ваҳдат буд. Мо ду мошин пасопеш мерафтем. Дар мошини аввал расмҳои мо ва дигар шиору плакатҳои мо насб шуда буд, ки онро боздоштанд ва гуфтанд, ки ба онҳо супориш шудааст, ки мошин бо чунин рақам боздошта шавад. Вақте мо пурсидем, чаро мошинро боздошт кардед, онҳо гуфтанд, ки ба онҳо аз боло супориш шудааст ва онҳо бояд, ки мошинро ба назди раҳбарият бубаранд. Гуфтем далел чист? Гуфтанд, дирӯз ин мошин бо ҳамин рақам ва бо ҳамин аксҳо дар шаҳри Ваҳдат таблиғоти ҳизбӣ бурдааст, бо матоъҳои рангаи ҲНИТ гаштанду бо баландгӯҳо ва мардумро ба интихобот даъват карданд. Мо сӯҳбати телефонӣ бо сардори шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат доштем ва эшон ҳам такрор карданд, ки мошини шумо вазъи ороми ноҳияи Ваҳдатро бо ин шиору аксу ташвиқотҳо ноором карда истодааст. Ва гуфт, ки ин шаҳр соҳиб дорад ва мо намегузорем, ки дар шаҳри Ваҳдат чунин ҳодисаҳо рух диҳад».

Ҷумъабой Сангинов, раиси ҷиноҳи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон:

«Вақте мо дар бораи муносибат ва ё бархурди мақомоти маҳаллӣ бо номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагон сӯҳбат мекунем, бояд низоми қонунгузорӣ ва татбиқи қонунро аз хотир набарорем. Ва он чи, ки ин ҷо ишора шуд, бо эътимоди он ки дар ҳақиқат ин ҳодисаҳо дар баъзе мавридҳо ҷой доштанд, инҳо ба татбиқи қонун вобастагӣ дорад. Фикри банда ин аст, ки азбаски ҲХДТ ҳизби бонуфузи парлумонист ва раисии ҳизбро президенти кишвар ҳамзамон бар ӯҳда доранд, масъулияти бештари вокуниш кардан ба чунин бархӯрдҳоро бояд мо ба зоҳир кунем. Дар мавриди ҳодисаи шаҳри Ваҳдат мо бо оқои Кабирӣ сӯҳбат доштем. Ҳамчун намояндаи ҲХДТ аз комиссияи ҳавзавӣ хоҳиш кардам, ки ҳатман ин масъала мавриди баррасии мақомоти масъул ва комиссияи ҳавзавӣ қарор гирад ва дар сурати тасдиқи қонуншиканӣ ҳатман нафароне, ки як чунин амали ғайриқонунӣ зоҳир кардаанд, муҷозот шаванд ва нисбаташон чора андешида шавад».

Латиф Ҳадязода, коршиноси мустақили тоҷик:

«Умед дорам, ки парлумони оянда аз шумори одамони лаёқатманд ва сазовор ташкил меёбад. Аммо агар ин ҳама умедвориҳо ба вуқӯъ напайвандад, дар он сурат як лакнате ба имиҷи сиёсии Тоҷикистон ва ба имиҷи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам хоҳад расид ва ин ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мо таъсир хоҳад кард. Муносибати созмонҳои байналмилалӣ ва ба хусус САҲА ва Иттиҳодияи Аврупо, ки дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ моро дастгирӣ мекунанд ва муносибати мо бо ҳамсояҳо ва дигар абарқудратҳо маълум аст, ба интихоботи қарибулвуқӯи мо сахт вобастагӣ дорад».

Барои шунидани муҳтавои сӯҳбати мизи гирди Радиои Озодӣ ба ишораи Чандрасонаӣ дар гӯшаи саҳифаро "нохун" занед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG