Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширин Ибодӣ хостори фишор болои Теҳрон шуд


Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки фишор болои Эрон барои нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишварро афзоиш диҳад. Зимни суханронӣ дар як нишасти Шӯрои дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ дар Женева, хонум Ибодӣ гуфт, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон сол то сол бадтар мешавад. Ӯ Теҳронро барои таъқиби мухолифин ҳам мавриди интиқод қарор дод. Ҳамзамон Ширин Ибодӣ гуфт, ки ӯ мухолифи таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Эрон ва ҳамлаи низомӣ ба муассисаҳои ҳастаии кишвар аст. Рӯзи душанбе Шӯрои дифоъ аз ҳуқуқи башари СММ вазъи Эронро дар нишасти расмӣ баҳсу баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG