Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо аз вазъи иқтисодии Юнон нигарон аст


Рушди иқтисодӣ дар бузургтарин кишварҳои минтақаи евро, ки миёнаҳои соли гузашта шурӯъ шуда буд, дар семоҳаи ахири соли гузашта мутаваққиф гардид. Тибқи маълумоти ахиран нашршуда, дар семоҳаи ахир рушди иқтисод дар Олмон ба сифр баробар буд, дар Италия бошад пойинрафти иқтисод ба қайд гирифта шуд. Дар ҳамин ҳол вазъи иқтисодӣ дар Юнон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Афзоиши қарзҳои ин кишвар метавонад қурби пули ягона аврупоиро пойин барад. Вазири умури хориҷаи Олмон Гидо Вестервелле имрӯз, зимни суханронӣ дар Берлин, аз ҳукумати Юнон даъват намуд, ки ҳарчӣ зудтар ба татбиқи барномаи эътидоли молиявӣ шурӯъ кунад.
XS
SM
MD
LG