Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ тан аз мубалиғони интихоботии Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи нируҳои умури дохилӣ боздошт шудаанд.

Ин афрод баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа вақте боздошт шуданд, ки дар маҳаллаи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кулоб машғули мулоқот бо интихобкунандагон буданд.

Дар миёни мубаллиғони боздоштшуда номзади ин ҳизб ба маҷлиси маҳаллии Кулоб Амонов Муродалӣ низ ҳаст, мегӯяд Воҳидхон Қосиддионов, раиси Ситоди инихоботии ҲНИТ.

Хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақаи Кулоб низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, соати 14.00 пас аз анҷоми намози пешин чаҳор нафар мубалиғони номзади ҲНИТ дар хиёбони Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони ШКД боздошт шудаанд.

Маҳмадшариф Набиев, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар Кӯлоб, гуфтааст, нафарони онҳо ҳангоме, ки берун аз масҷид варақаҳои таблиғиро дар байни намозгузорон тақсим мекарданд, боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ҷаноби Набиев, таблиғгарони онҳо тайи 5 соат, яъне то соати 19-и шом, дар шӯъбаи корҳои дохилии маҳаллӣ мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Аммо дар мавриди сабаби боздошт ҷониби мақомот бо намояндагони ҲНИТ ягон сӯҳбате анҷом надодааст. Дар ҳамин ҳол талошҳои хабарнигорон бо мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб бенатиҷа анҷом ёфтааст. Танҳо навбатдорони ин шӯъба гуфтаанд, ки онҳо таблиғгарони ҲНИТ-ро дар саҳни масҷид ҳангоми таблиғот боздошт кардаанд, ки ин хилофи қонун дар бораи интихобот аст.

Аммо намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, ки онҳо тибқи Қонуни инихоботи Тоҷикистон ва мувофиқи барномаи мушаххаснамудаи Комиссиюни марказии интихобот барномаи ҳизби худро ташвиқ мекардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG