Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

12-уми феврали соли 1990 тазоҳургарон дар рӯбарӯи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Душанбе ҳадафи тири артиши Шӯравӣ қарор ёфтанд. 26 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд. Ба думболи ин се раҳбари аввали Тоҷикистон истеъфои худро эълон карданд, аммо аз вазифа нарафтанд ва чанде аз мансабдорону тазоҳургаронро дар табаддулоти давлатӣ айбдор карданд.

Бо гузашти 20 сол аз он рӯйдодҳо ва бо вуҷуди таҳқиқоти Гурӯҳи муштараки Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон ва як Кумиссюни давлатию порлумонӣ ва ҷамъиятии пажӯҳиши воқеаҳои феврали соли 1990, ки бо номи "баҳманмоҳи хунин" маъруф гашт, пурсишҳои асосии марбут ба онҳо беҷавоб боқӣ мондаанд.

ТАРҲРЕЗИШУДА Ё БАДЕҲӢ?

11-уми феврали соли 1990 тақрибан 200 нафар дар рӯбарӯи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҷамъ омаданд ва талаб карданд, ки ба арманиҳои гуреза дар Душанбе манзил дода нашавад. Онҳоро овозаҳое таҳрик дода буд, ки гӯё фирориёнеро аз Қарабоғи кӯҳӣ ба Душанбе овардаанд ва бо амри Маскав ба онҳо бенавбат хона медиҳанд.

Абдулло Ҳабибов, яке аз шоҳидони ҳаводиси баҳманмоҳ ва он замон – раҳбари бахши сиёсии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон
Абдулло Ҳабибов
мегӯяд, ин овозаҳо дар ҳоле пахш шуданд, ки норозигии мардум аз сиёсати иҷтимоии ҳукумат рӯз то рӯз афзоиш меёфт. Ба гуфтаи ӯ, “агар дар Тоҷикистон корхонаи нав сохта мешуд, ҳатман барои кор дар он ҷо одамонро аз дигар ҷумҳурӣ оварда онҳоро бо манзил ва маоши хуб таъмин мекарданд, ҷойи мардуми маҳаллӣ бошад асосан дар пахтазор буд. Соли пеш аз ин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ҳамагӣ 350 ҳазор ҷойи кори нав таъсис шуд, ҳол он ки ҳамасола аз ин бештар ҷавонони тоҷик ниёзманди кор мешуданд. Дар ҳар ҳавлии деҳоти канори Душанбе ду-се хонавода зиндагӣ мекард ва ҳама интизори беҳтар кардани шароити зист буданд.”

То ҳанӯз ошкор нашудааст, ки мардумро дар майдони канори бинои Кумитаи Марказии ҲК овозаҳо ҷамъ овард ва ё нафарҳоеву гурӯҳҳое онҳоро барои чунин тазоҳурот ташвиқ карда буданд?

“МАРДУМ, ҲАМА БА МАЙДОН!”

Он рӯз, 11 феврал, ҳамоиш тақрибан ним соат идома кард ва аз Кумитаи марказӣ тақозо шуд, ки расо баъд аз як шабонарӯз овозаҳо дар бораи ба гурезаҳои арманӣ додани манзилҳоро ташреҳ кунад.

Абдулло Ҳабибов мутмаин аст, ки мардум он замон ба таҳрики ягон гурӯҳ ниёз надоштанд ва рӯзи 12 феврал ҳазорон нафар маҳз ба хотири додхоҳӣ назди бинои Кумитаи марказии Ҳизби коммунист ҷамъ омаданд.

Бӯрӣ Карим
Ва аммо Бурӣ Каримов, дигар аз чеҳраҳои маъруфи он айём ва муовини сарвазиру раиси Госплани вақти Тоҷикистон, дар ин бора назар дигар дорад ва мегӯяд, чанд гурӯҳ барои ба майдон хондани мардум талош мекард ва ҳар гурӯҳ ҳадафҳои худро дошт: “Ман наметавонаи исми нафарҳоро номбар кунам, вале аниқ буд, ки як гурӯҳи рӯҳонӣ ба масҷидҳо рафта мардумро мегуфтанд, ки ба майдон равед ва омадани гурезаҳои арманиро далел меоварданд. Аз байн бурдани системаву ҳизби коммунистро ташвиқ мекарданд. Гурӯҳи дигар, ки худро демократ мегуфтанд, низ ҷавононро барои ба майдон рафтан давъат менамуданд, онҳо мегуфтанд, ки мо бояд озод бошем, истиқлол дошта бошем. Онҳое, ки сари вазифа буданд ва мехостанд маснади болотар бигиранд, низ мардумро барои ба мадйон рафтан ташвиқ мекарданд.”

ҲАВОДИСИ ТАҲМИЛШУДА?

Шоҳидони ҳаводиси он рӯз ва сиёсатшиносон мутмаинанд, ки агар котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва ё дигар аз
раҳбарони вақти кишвар дар лаҳзаҳои аввал назди мардум ҳозир мешуданд ва вазъро ташреҳ мекарданд, шояд тазоҳуротгарон ҳам ба зудӣ майдонро тарк мегуфтанд.

Вале аз дари Кумитаи марказӣ касе берун намешуд ва ин хашму ғазабро афзунтар мекард. Замоне, ки Маҳкамов назди мардум омад, аллакай дер шуда буд ва пойафзоле, ки сӯи ӯ андохтанд, баёнгари ин ҳама қаҳру ғазаби афзун буд.

Дар ин байн сарбозон ва милиса биноро зери назорат гирифта буданд ва ҳамзамон бо шӯридани издиҳом тирпарронӣ оғоз ёфт.

Баъд аз рехтани хуни аввалин дар маркази шаҳр шӯру қиёме бархост – мардум бештар ба шӯр омаданд ва ҳамзамон гурӯҳе ба шикастани тирезаҳои биноҳои атроф ва оташ задани дӯконҳо шурӯъ кард...

АРМАНИҲО БУДАНД Ё НА?

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ки он замон қозикалони Тоҷикистон ва яке аз миёнҷигарони байни ҳукумат ва мардуми башӯромада буд, мегӯяд, ҷараёни рӯйдодҳо ба он ишора мекард, ки онҳо тарҳрезӣ ва таҳмилшудаанд.

Ӯ меафзояд, ки рӯзи дуввуми тазоҳурот, замоне, ки гурезаҳои арманӣ тавассути ду ҳавопаймо ба Ереван фиристода шуданд, имкони ҷилавгирӣ аз идомаи тазоҳурот мавҷуд буд: “Воқеан фардояш, рӯзи 13 феврал, бо ду ҳавопаймои ТУ-154 муҳоҷирҳои арманиро фиристодем ба Ереван, ба Арманистон. Ин худ баёнгари он буд, ки ки дар ҳақиқат муҳоҷирҳо омада буданд, агарчанде ки ҳукумат инро пинҳон медошт. Вақте ки мо онҳоро мефиристодем, ман аз Мақсуд Икромов – он вақт эшон узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунист буданд - хоҳиш кардем, ки гурӯҳе аз телевизион биёяд ва бозгашти арманиҳоро наворбардорӣ кунанд ва шаб дар телевизион пахш кунанд, ки муҳоҷирон рафтанд ва дигар барои гирдиҳамоии рӯзи 14 феврал зарурате нест. Гуфтам, ки зарур бошад, ман ҳам муроҷиат мекунам ба мардум, ки масъала ҳалли худашро ёфт, муҳоҷирон рафтанд ва мардум дигар ҷамъ нашаванд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Тӯраҷонзода, ҳатто бо исрори зиёди ӯ касе аз кормандони телевизион ҳозир нашуд, ки ин ҳамаро ба навор бардорад ва тавассути намоиши он аз тариқи ҷаҳоннамо мардуми башӯромадаро ором кунад, то онҳо аз идомаи тазоҳурот даст бардоранд.

КӢ ФАРМОН ДОД?

Тайи се рӯз 26 нафар аз зарби тир кушта шуданд, даҳҳо нафар бо ҷароҳатҳо аз тиру корд ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ва аммо суоле, ки амри тир кушодан аз сӯи кӣ содир шуда буд, то ҳанӯз бидуни посух аст. Михаил Горбачев, раҳбари вақти Иттиҳоди
шӯравӣ, дар як мусоҳиба гуфта буд, ки тирандозӣ бидуни амр аслан ғайримумкин буд ва санад бо имзои касеро, ки фармони тирпаррониро додааст, метавон дар бойгониҳо пайдо кард.

Баъзе шоҳидони ҳаводис ва ворид ба долонҳои ҳукумат иддао доранд, ки дар ин бора раҳбарони Тоҷикистон ва аммо бо тавсияи Кремл ва Кумитаи амнияти миллии СССР тасмим гирифтаанд.

Бурӣ Каримов мегӯяд, ки ӯ шоҳиди гуфтугузори раҳбарони аввали Тоҷикистон барои истифода аз нерӯ алайҳи тазоҳургарон буд: “Ман дар Бюро буд ё нишасти дигари он рӯз ширкат доштам, ки дар омади гап Кошлаков (он замон - муовини аввали Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон) гуфт, ки барои тарсонидани омма метавон тир кушод. Вақте ки инро гуфт ман пурсидам, ки чӣ хел мешавад тир кушод охир он “рикошет” метавонад хуни касе аз мардумро резонад. Ин сӯҳбате ки ман дар давомаш вориди толор шудам, то ин вақт сарони давлат – даҳ дувоздаҳ нафар дар ин бора чӣ гуфтанд, ман намедонам.”

АНГУШТИ ИШОРАТ

Ин ҳам гуфта мешавад, ки дар ҳаводиси баҳманмоҳ генералҳои кумитаи амнияти миллии Иттиҳоди Шӯравӣ дасти қавӣ доранд.

Солеҳҷон Ҷӯраев, раҳбари раёсати тафтишоти ҳаводиси баҳманмоҳ ва он замон - кафили муовини Додситонии Кулли Тоҷикистон, дар як сӯҳбат бо хабарнигорон ба даст доштани Крючков, раиси Кумитаи амнияти миллии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Петкел – раиси кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳаводиси баҳманмоҳ ишора карда буд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз бо амри Кумитаи амнияти миллии СССР гурӯҳҳои махсуси ин кумита “Алфа” ва “З” бо сардории генералҳо Галаватов ва Воротников вориди Душанбе шудаанд.

Зимнан, Дмитрий Язов, вазири дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ, дар як номаи расмӣ вуруди 1068 сарбоз ва 790 низомии гурӯҳҳоии вижа ба Душанберо бо он омил марбут карда буд, ки гӯё тазоҳургарон ба низомиёни мустақар дар пойтахти Тоҷикистон, аҳли хонаводаи онҳо ва муассисаҳои низомӣ ҳамла кардаанд.

Ҷаноби Каримов мегӯяд, то ҳол маълум нест, ки чаро раҳбарони вақти Тоҷикистон ба Маскав иттилоъи дурӯғ доданд?

ҲАДАФ ЧӢ БУД?

Тайи чанд рӯзи ҳаводиси баҳманмоҳ рӯйдодҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд – ташкили кумитаи мардумӣ ё "Кумитаи 17", ки миёнҷигар миёни тазоҳургарон ва ҳукумат буд.

Таъини Раиси вақти Кумитаи тарҳрезӣ ё Госплан Бурӣ Каримов кафили сарвазири кишвар, истеъфои зуд бозгардоншудаи се раҳбари ҷумҳурӣ - котиби аввали КМ ҲК Қаҳҳор Маҳкамов, Раиси Президиуми Шӯрои Олӣ Ғоибназар Паллаев ва Раиси Шӯрои Вазирон Изатулло Ҳаёев.

Эҳтимол меравад, вокуниши мақомоти Шӯравӣ ва Душанбе дар давоми як-ду шаб комилан ранги дигар гирифт – Пленуми ҲК истеъфои Котиби аввалро напазируфт, Паллаев ва Ҳаёев дар мақомҳои худ боқӣ монданд ва ҳамзамон Бурӣ Каримов, Абдулло Ҳабибов, Нур Табаров дар талоши табадуллоти давлатӣ айбдор шуданд.

Пас ҳадаф аз ташкили ҳаводиси баҳманмоҳ чӣ буд? Фарзияи аслии ҳамсӯҳбатони мо ин аст, ки шурӯъи бенизомиҳо ва шикастану ғорати мағозаҳо, ба оташ кашидани биноҳо, бархурдҳои қавмӣ дар бархе аз маҳаллаҳои пойтахт - аз сӯи мақомоти амниятии шӯравии собиқ тарҳрезӣ шуда буданд, то ки тазоҳуроти осоиштаро чун амали авбошонаву тахрибкорон аз гурӯҳҳои ҷиноӣ ҷилва диҳанд ва ба ин васила аз таҳкими раванди демократияву озодандешӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд ва мавқеъи ҳизби коммунистро побарҷо боқӣ гузоранд.

Рӯйдодҳои феврали соли 1990 ба талошҳои Маскав дар ҳифзи тамомияти Иттиҳоди Шӯравӣ низ рабт дода мешавад, ки баъд аз воқеаҳои маълум дар кишварҳои Соҳили Болтик, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон ларзонак шуда буд. Соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам фурӯ пошид.

“ҲАЛЛИ СУЛАЙМОНӢ”

Билохира, ҷонибҳо “ҳалли сулаймони”-ро пайдо карданд – айбдоршудагон аз мақомҳо барканор ва аммо аз сӯи Додситонӣ сафед карда шуданд ва раҳбарони кишвар курсиҳои худро ҳифз намуданд.

Баъд аз қарори Додситонӣ Бурӣ Каримов Тоҷикистонро тарк кард ва айн ҳол дар Маскав ба сар мебарад. Ӯ раҳбари Шӯрои байнидавлатии роҳсозони кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд аст. Абдулло Ҳабибов вакили Шӯрои Олӣ интихоб шуд, чанд сол дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла, дар симати муовини вазири дифоъ кор кард ва соли гузашта бознишаста шуд.

Нур Табаров аз сиёсат канор рафт ва комилан ба эҷоди қиссаву намоишномаҳо пардохт... Аз дигар афроде, ки ному насабашон рӯзҳои баҳманмоҳ сари забонҳо буд, чанд нафар, аз ҷумла, Кошлаков ва Петкел ба Маскав кӯчиданд.

Изатулло Ҳаёев то бознишастагӣ дар ҳукумати нав кор кард. Ғойибназар Паллаев баъд аз ҳаводиси баҳманмоҳ ба нафақа рафт ва то даргузашташ дар соли 2000 ум сарварии Кумитаи дӯстӣ ва ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиёву Африқоро бар дӯш дошт.

Қаҳҳор Маҳкамов, собиқ котиби аввали КМ ҲКТ, чанд сол хомӯшӣ гузид ва аз соли 2000 ба ин сӯ, тибқи Қонуни асосӣ, аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст. Ӯ тамоми ин солҳо аз ёдоварии ҳаводиси баҳманмоҳ парҳез мекунад.

Ахиран бо умеде, ки оқибат муҳри хомушӣ аз лаб бармеканад ва назарашро дар бораи ҳаводиси бист соли мегӯяд, ахиран бо ӯ телефонӣ дар тамос шудем. Ва аммо ӯ кӯтоҳ “имконият нест” гуфт ва сӯҳбатро қатъ кард...

ПАЖӮҲИШИ НОТАМОМ

Бори охир пайвандони қурбониёни баҳманмоҳ дар маросими ёдбуд дар канори санги ёдгорие, ки дар канори чойхонаи Роҳат гузошта шуда буд, 12-уми феврали соли 1992 ҷамъ омада буданд.

Баъдан дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид ва баҳманмоҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ уфтод.

Санги ёдгори шаҳидони баҳманмоҳ низ ба таври асроромез ғайб зад. Ашӯрбой Имомов, собиқ раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон мегӯяд, ки ёдбуди қурбониёни баҳманмоҳ амри воҷиб аст. Ва аммо аз сар гирифтани таҳқиқ ва ба муҷозот кашидани гунаҳкорони аслии баҳманмоҳ то куҷо мумкин аст?

Ба гуфтаи Ашурбой Имомов, “имрӯз дар сатҳи давлатӣ барои софдилона тафтиш карда хулоса баровардан имконият нест, чунки одамҳое, ки ба ин кор ҳамроҳ буданд, онҳо ҳанӯз ҳам ё дар сари қудратанд ё болои сари қудратбудаҳо таъсири хело калон доранд”.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз ба ҳамин сабаб баъд аз истиқрори сулҳ мақомоти Тоҷикистон баргузории маросимҳои ёдбудро аз сар нагирифтанд.

Ҳамзамон бархе ҳадс мезананд, ки шояд сабаби ба гӯшаи фаромӯшӣ уфтодани ҳаводиси баҳманмоҳ ин аст, ки мақомоти феълии Тоҷикистон намедонанд он ҳодисаҳоро чӣ гуна арзёбӣ кунанд – чун ошӯби зиддиҳукуматӣ ё чун қадаме дар бедории миллӣ ва истиқлоли воқеии кишвар.

ОХИРСУХАН

Шоираи маъруфи тоҷик Гулрухсор ба ин ақида аст, ки “ин як чизи табиист. Ҳар давлат масъалаву дарду ғуруру шӯҳрати худро дорад ва болои он кор мекунад. Масалан, тирборон кардани Хонаи Сафед бо амри Елтсин дар Русияро касе ба ёд намеорад. Он ҳам қурбонии хело зиёд дода буд. Ва аммо ба ёд наовардан маънои онро надорад, ки дар ёд надоранд. Дар ёд доранд! Ва аммо ҳодисаҳое, ки аз нигоҳи мову шумо ин қадар хунин буданду мо қурбонӣ додем аз ёру дӯстҳоямон, барои ин мардум ба ҳукми таърих рафтанд ва инҳо таърихи худашонро менависанд”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG