Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи маъракаи пешазинтихоботӣ дар Ироқ


Дар Ироқ маъракаи пеш аз интихоботии парлумонӣ шурӯъ шуд. Дар интихоботи рӯзи 7 март беш аз 6 ҳазор номзад барои дарёфти 325 курсии парлумон талош мекунанд. Ахиран барои ширкат дар интихобот 330 тан аз сиёсатмадорони суннимазҳаб низ иҷоза пайдо карданд. Онҳо ба феҳристи 500 сиёсатмадоре шомил буданд, ки онҳоро барои робитаашон бо ҳизби “Баас”-и Саддом Ҳусейн аз рӯйхати довталабони курсиҳои парлумонӣ берун карда буданд. Баҳсу баррасиҳои ин мавзӯъ шурӯъи маъракаи пешазинтихоботиро барои як ҳафта ба таъхир гузошт.
XS
SM
MD
LG