Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон вуруди шаҳрвандони Қирғизистонро маҳдуд кард


Бино ба иттилои дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Қирғизистон, ҷониби Ӯзбакистон дар мавриди вуруди шаҳрвандони Қирғизистон ба ин кишвар маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кардааст.

Аз ин ба баъд шаҳрвандони Қирғизистон дар се моҳ як маротиба ҳаққи вуруд ба қаламрави Ӯзбакистонро хоҳанд дошт. Салқин Абдуқориева, сухангӯи хадамоти марзбонии қирғиз, ба радиои Озодӣ гуфт, сабаби чунин тасмими Ӯзбакистон равшан нест.

Вай афзуд, ки ҷониби Ӯзбакистон хадамоти марзбонии қирғизро расман аз тартиби нави ҷорикардаи худ огаҳ накардаанд ва онҳо пас аз муроҷиатҳои сокинони минтақаи ҷануби кишвараш аз ин иқдом хабардор шудаанд.

Як сокини шаҳри Ӯш, ки аз ифшои номи худ худдорӣ варзид, ба радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз пеш ба аёдати пайвандонаш ба вилояти Андиҷони Узбакистон рафта буд, вале акнун тибқи тартиби нави ҷорикардаи Ӯзбакистон баъди бештар аз дуним моҳ метавонад марзи ин кишварро убур кунад.

15 феврали соли 2007 Қирғизистон бо Ӯзбакистон дар бораи рувои бидуни раводид барои шаст рӯз созишномаи нав имзо карда буд. Режими раводид миёни Қирғизистону Ӯзбакистон соли 1999, баъди ҳамлаҳои гурӯҳҳои тундрави исломӣ тавассути хоки Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Ӯзбакистон ҷорӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол ҷониби Ӯзбакистон дар робита ба ҷорӣ кардани тартиби нави убуру мурури марзи ин кишвар бо Қирғизистон вокуниши мусбат ё манфӣ нишон надодааст.

Аммо иддае аз соҳибназарони қирғиз ҳадс мезананд, ки бидуни мувофиқа бо Ӯзбакистон ба сохтани нерӯгоҳи барқи обии «Қамбарота-2» шурӯъ кардани Қирғизистон сабаби тасмими Тошканд дар қиболи Қирғизистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG