Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорон Эронро дар эҷоди монеъаҳо маҳкум карданд


Се ширкати бузурги радиоиву телевизионии ғарбӣ - Би-Би-Си, “Мавҷи Олмон” ва “Садои Амрико”мақомоти Эронро барои эҷоди монеъаҳои техникӣ дар пахши барномаҳояшон маҳкум карданд. Дар изҳороти муштараки ин се ширкат гуфта шудааст, ки Эрон барои пахши барномаҳо аз тариқи маҳвораи Hotbird монеъаҳои электронӣ эҷод мекунад. Дар ҳамин ҳол, тавре дар изҳорот ишора шудааст, "барномаҳои ширкатҳои радиоиву телевизионии Эрон бо забонҳои англисиву арабӣ аз тариқи ҳамин моҳвора бидуни мушкил пахш мешаванд". Би-Би-Си, “Мавҷи Олмон” ва “Садои Амрико” навиштаанд, ки мушкилоти техникӣ зимни пахши барномаҳо замони таҷлил аз солгарди инқилоби исломӣ дар Эрон шурӯъ шудааст.
Аз ин пеш ИМА талошҳои Теҳрон барои эҷоди монеъа дар шабакаҳои телефонҳои дастӣ ва маҳдудсозии дастрасӣ ба сомонаҳои интернетиро маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG