Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон Януковичро табрик гуфт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, унвони Виктор Янукович номаи шодбошӣ ирсол кард ва ӯро барои пирӯзияш дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ табрик гуфт. Дар ин нома гуфта шудааст, “Тоҷикистон ба равобит бо Украина, ки ҷавобгӯи манофеъи миллии ду кишвар аст, баҳои баланд медиҳад”. Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки “ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Украина дар пояи принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо назардошти манофеъи ҳарду ҷониб рушд хоҳад кард”.
Аз ин пеш раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА Виктор Януковичро барои интихоб шуданаш ба мақоми раисиҷумҳури Украина табрик гуфтаанд. Раиси Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман Ван Ромпуӣ дар номаи шодбошӣ навиштааст, ки “интихобот дар маҷмӯъ бар пояи меъёрҳои байнулмилалӣ сурат гирифтааст.” Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, бо нашри баёнияе гуфтааст, “мардуми Украина интихоби худро аз роҳи интихоботи шаффофу одилона ва гуногунандешӣ намоиш доданд.” Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дирӯз дар як тамоси телефонӣ бо Виктор Янукович ӯро барои интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳур табрик намуд ва хостори комёбиҳо дар кору фаъолияташ гардид.
Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботии Украина, дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ Виктор Янукович тақрибан 49 сади раъйҳо ва рақибаш Юлия Тимошенко каме бештар аз 45 дар сади овозҳоро соҳиб шудаанд.
XS
SM
MD
LG