Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Соҳибкорбонк" дар вартаи муфлисӣ


Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки идораи муваққатии «Соҳибкорбонк»-и дучори варшикастагиро бар ӯҳда гирифта, пардохти пасандози мардум дар ин бонкро кафолат медиҳад.

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, агар дар тӯли 6 моҳи оянда фаъолияти «Соҳибкорбонк» танзим нашавад ва муфлисшавии он идома кунад, фаъолияти ин бонк қатъ карда хоҳад шуд.

Идораи марказии «Соҳибкорбонк» дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Ин бонк дар соли 1999 ба унвони бонки хусусӣ таъсис шуда буд ва соли 2006 ҳудуди 75 дарсади саҳмияҳои ин бонкро бонки қазоқистонии ATF харидорӣ кардааст. Аммо ин бонк мегӯяд, ки саҳмияҳои "Соҳибкорбонк"-ро ба дигар бонки қазоқистонӣ фурухтааст. Ва дар ҳоли ҳозир дар бораи он, ин саҳмияҳо дар дасти кадом бонк аст, иттилои дақиқ вуҷуд надорад.

Бӯҳрони сартосарии молӣ ва иқтисодӣ ба бонкҳои Қазоқистон таъсири ҷиддӣ расондааст, ва ба ин далел, баъид ба назар мерасад, ки давлати Қазоқистон "Соҳибкорбонк"-ро дар раҳоӣ аз варшикастагӣ кӯмак кунад. Дар ҳоле, ки дар ин авохир мудирияти «Соҳибкорбонк» бар дӯши муассисаи молии ATF – Бонки Қазоқистон будааст.

Наҷот ё такрори сарнавишти бонкҳои дигар?

Варшикастагии «Соҳибкорбонк»-и Тоҷикистон ҳодисае буд, ки дар оғози бӯҳрони молӣ бархе аз бонкҳои Амрико ва Аврупо ба он мувоҷеҳ шуданд. Ва давлати ин кишварҳо бо ироаи кумаки молӣ ин бонкҳоро аз варшикатсагӣ наҷот доданд. Ҳоло равшан нест, ки оё давлати Тоҷикистон чунин иқдом хоҳад кард, ё на.

Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2001 идораи раҳбарии 3 бонки тиҷоратӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки Душанбе, «Айём» ва «Олимпӣ»-ро бар уҳда гирифтааст. Вале ҳамкорӣ ва идораи ин бонкҳо аз сӯи Бонки миллӣ аз муфлисшавии бонкҳо ҷилавгирӣ кунад.

Ва дар ниҳояти кор Бонки миллӣ муҷаввиз барои фаъолияти ин се бонки муфлисшударо фаро хондааст. Бархе аз коршиносон мегӯняд, имкон дорад, ки «Соҳибкорбонк» сарнавишти ин се бонкро такрор кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG