Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои шатранҷбозони тоҷик дар «Aeroflot Open-2010»


Шатранҷбозони тоҷик Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷӯраев дар Фестивал ё Ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот бо номи «Aeroflot Open-2010» дар шаҳри Маскави Русия якимтиёзӣ ба даст овардаанд.

Гроссмейстери тоҷик Фаррух Амонатов дар сабқати А1 се бозӣ анҷом дод. Вай нахуст аз шатранҷбози Русия Надежда Косинтсева мағлуб шуда, ду бозии дигарро бо Лифан Ҳоу (Чин) ва Станислав Новиков (Русия) мусовӣ анҷом дод. Амонатов бо 1 имтиёз байни 80 нафар дар мақоми 55-ум қарор гирифтааст. Рақиби ӯ дар даври чаҳорум Иван Лопез (Испания) мебошад. Дар сабқати ин гурӯҳ Лием Гуанд Ли (Вйетнам) бо 3 имтиёз дар ҷои аввал аст.

Шатранҷбози дигари тоҷик устоди FIDE Соҳиб Ҷӯраев дар сабқати А2 дар ду бозӣ аз Янг Вен (Чин) ва Александр Ипатов (Испания) шикаст хӯрда, дар даври савум бар Евгений Колесников (Русия) пирӯз шуд. Ҷӯраев бо 1 имтиёз байни 66 нафар дар мақоми 52-юм қарор гирифтааст. Вай дар даври чаҳорум бо Алексей Гаврилов (Русия) бозӣ мекунад. Дар сабқати ин гурӯҳ Алексей Придорожни (Русия) бо 2,5 имтиёз дар ҷои аввал мебошад.

Ҷашнвораи байнулмилалии шоҳмот «Aeroflot Open-2010», ки аз 9 давр иборат аст, то 19-уми феврал идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG