Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави таҳримҳои ИМА алайҳи ҳукумати Эрон


Сенати Амрико дар робита ба нақзи ҳуқуқи башар ва саркӯбиҳои эътирозгарон дар Эрон тарҳи нави таҳримҳо алайҳи ҳукумати ин кишварро интишор кардааст.

Яке аз таҳиякунандагони ин тарҳ сенатор Ҷозеф Либерман дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ин лоиҳа аз таҳримҳои қаблӣ тафовути зиёд дорад ва он на масъалаи ҳастаии Эрон, балки мақомдорони ин кишварро ҳадаф қарор медиҳад, ки ҳуқуқи мардуми Эронро зери пой мениҳанд.

Таҳиягарони ин лоиҳа аз ҳукумати Барак Обама тақозо кардаанд, феҳрасти он мақомдорони ҳукумати Эронро, ки ҳамвора ҳуқуқи мардумро поймол мекунанд, барои пешниҳоди таҳрим омода созад.

Сенатор Ҷозеф Либерман афзуд, «мо ба мардуми Эрон, ба тазоҳуркунандагон мегӯем, ки талошҳои шуморо мебинем, садои тазоҳуркунандагонро мешунавем ва дар канори онҳо қарор дорем. Ба давлати Эрон, ки ҳуқуқи мардумро нақз мекунад, мегӯем, ки дар қиболи шумо иқдом хоҳем кард».

Тарҳи нави таҳримҳои Амрико дар ҳоле эълон шуд, ки дирӯз дар ҷараёни таҷлили солгарди инқилоби исломии Эрон дар шаҳрҳои Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон ва Шероз миёни нирӯҳои тарафдори давлат ва ҷонибдорони мухолифин даргириҳо сурат гирифт.

Бино ба хабарҳои расида аз ин кишвар, дар пайи тазоҳурот дар шаҳрҳои бузурги Эрон садҳо тан аз тарафдорони мухолифин боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG