Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи Билл Клинтонро хуб арзёбӣ мекунанд


Вазъи равонии Билл Клинтон – раиси ҷумҳури собиқи Амрикоро, ки баъди нороҳатии қалбӣ ҷарроҳӣ шуд, хуб арзёбӣ мекунанд. Дуглас Бенд – мушовири Билл Клинтон бо нашри баёнияе гуфт, Билл Клинтонро баъди эҳсоси нороҳатии қалбӣ рӯзи панҷшанбе ба шифохонаи Пресбайтериани Ню Йорк интиқол доданд. Баъди муоина табибон ба хотири ҷилавгирӣ аз фишурдагӣ дар шоҳраг ва боз нигаҳ доштани шараёни хун ба дили Билл Клинтон абзори махсуси хурдеро ба шоҳраги ӯ ворид кардаанд. Дар баёнияи Дуглас Бенд омадааст, ки ҳолати равонии Билл Клинтон хуб аст ва раиси ҷумҳури собиқи Амрико қасд дорад, кор дар бунёди хайрияааш ва талошҳо барои эҳёи Ҳаитӣ мусибатзада аз заминларзаро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG