Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли Билл Клинтони бемор ба шифохона


Билл Клинтон – раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳидаро дирӯз бо аломатҳои бемории нороҳатии қалбӣ ба бемористон интиқол доданд. Дар баёнияи расмии ёвари Билл Клинтон гуфта мешавад, раиси ҷумҳури собиқро баъди эҳсоси нороҳатии қалбӣ ба яке аз шифохонаҳои Ню Йорк бурданд. Табибон барои боз нигаҳ доштани шараёни хун ба дили Билл Клинтон абзори махсусеро насб кардаанд ва мегӯянд, ки ӯ худро хуб ҳис мекунад. Билл Клинтони 63-соларо соли 2004 барои табобати дилаш се маротиба ҷарроҳӣ карданд. Вай, ки аз соли 1993 то соли 2001 раиси ҷумҳури Амрико буд, вақтҳои ахир талошҳо барои кӯмак ба Ҳаитии мусибатзадаро раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG