Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо ва Амрико Виктор Януковичро табрик гуфтанд


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида Виктор Януковичро барои интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳур табрик гуфтаанд. Ҳерман Ван Ромпуӣ дар номае ба Виктор Янукович гуфтааст, “интихобот дар маҷмӯъ бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст.” Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса бо нашри баёнияе гуфтааст, “мардуми Украина интихоби худро аз роҳи интихоботи шаффофу одилона ва гуногунандешӣ намоиш доданд.” Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефоние бо Виктор Янукович ӯро барои интихоб шуданаш ба мақоми раиси ҷумҳур табрик гуфта ва дар кораш муваффақият хостааст.
XS
SM
MD
LG