Пайвандҳои дастрасӣ

Шитоби Бонки Миллӣ барои наҷоти "Соҳибкорбанк"


Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кард, ки ба хотири роҳ надодан ба муфлисии бонки тиҷоратии “Соҳибкорбанк”, мудирияти онро барои шаш моҳ ба дасти маъмурияти муваққатӣ месупорад. Бонки Миллӣ дирӯз гуфт, фаъолияти зиёновари «Соҳибкорбанк” дар соли 2009 ва сармояи нокофии он барои фаъолият сабаби ба дасти маъмурияти муваққатӣ додани мудирияти бонки мазкур шудааст. Бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар соли гузашта вазъи молии бонкҳои Тоҷикистонро бад кард ва зоҳиран “Соҳибкорбанк” аз қурбониҳои аввали ин бӯҳрони молӣ аст.
XS
SM
MD
LG