Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтӯгуи Ҳилларӣ Клинтон бо Тонӣ Блейр


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе бо Тонӣ Блейр – фиристодаи хоси гурӯҳи чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна, роҳҳои эҳёи музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластиниёнро баррасӣ кардааст. Бино ба иттилои вазорати умури хориҷаи Амрико, Ҳилларӣ Клинтон гуфтааст, яке аз ҳадафҳои ҳукумати Иёлоти Муттаҳида, эҳёи ҳарчӣ зудтари музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён аст. Хонум Клинтон гуфтааст, Тонӣ Блейр ҳамчун намояндаи Гурӯҳи Чаҳоргона талошҳояшро барои ҷалби ҳимояти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мусоидат ба сулҳ дар Ховари Миёнаро бештар хоҳад кард. Ба гурӯҳи чаҳоргона, Созмони Милал, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрикову Русия шомиланд.
XS
SM
MD
LG