Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар манзили Фарзонаи Хуршед


Имрӯз дар манзили овозхони шинохта Фарзонаи Хуршед дар кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи шаҳри Душанбе сӯхтор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти сӯхторнишонӣ, хидматгори овозхон шамъи фурӯзонро дар тоқчаи тиреза фаромӯш кардааст ва алангаи оташ ба парда печида, яке аз ҳуҷраҳои манзили Фарзонаро фаро гирифтааст. Хабаргузории расмии "Ховар", ношири ин хабар менависад, ки хушбахтона, касе осеб надидааст.
Фарзонаи Хуршед бо иттиҳоми мусоидат ба фирори ҷавони дӯстдоштааш Фаррух аз маҳбас дар моҳи январ боздошт шуд ва ду рӯз пеш додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт ба муҳокимаи парвандаи ӯ шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG