Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ мехоҳад пулашро аз Фаронса баргардонад


Сухангӯи давлати Ироқ гуфт, ки Бағдод мехоҳад 651 миллион евро маблағи ба Фаронса барои харидориии ҷанганадаҳои Мираж пардохтаи давлати Саддом Ҳусейнро баргардонад. Пули ин ҳавопаймоҳо пардохт шуда буд, вале ба иллати таҳримот ҷангандаҳо ба дасти Саддом наомад.
Сухангӯи давлат гуфт, барои музокироти масъала ду моҳ пеш як ҳайъати вижа таъсис шуда буд. Алӣ Даббоғ афзуд, музокироти то ҳол анҷомшуда бо ширкати Dassault ва вазорати дифоъи Фаронса то ҳол мусбат буд ва Ироқ ба сурати алоҳида мехоҳад аз он ширкати фаронсавӣ чанд Мираж бихарад.
Бағдод умедвор аст, ки музокироти ин мавзӯъро то поёни соли ҷорӣ ба поён бирасонад.
XS
SM
MD
LG