Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори ҳайрати Олбрайт аз доктринаи нави Русия


Вазири собиқи хориҷаи Амрико Мадлен Олбрайт гуфт, дар доктринаи нави низомии Русия ба ҳайси бузургтарин таҳдид омадани паймони НАТО ӯро дар ҳайрат андохт. Хонум Олбрайт гуфт, НАТО таҳдиде ба Русия ба бор намеорад, чунки аҳдофи замони ҷанги сардро пас гузошта, акнун ба масоили ҷаҳоние, чун терроризм ва қочоқи маводи мухаддир тамаркуз кардааст.
Олбрайт раҳбари ҳайъатест, ки масъули таҳияи аҳдофи ҷадиди ин паймони низомист ва феълан аз Маскав дидан мекунад. Доктринаи ҷадиди низомии Маскав, ки раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар ҳафтаи гузашта имзояш кард, тавсиъаи НАТО ба сӯи марзҳои Русияро таҳдиди низомии рақами як барои Маскав ба қалам медиҳад.
XS
SM
MD
LG