Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия умедвори беҳбуди равобит бо Украина аст


Русия умедвор аст, ки равобиташ бо Украина дар пайи пирӯзии Виктор Янукович дар интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ беҳтар шавад. Наталя Тимакова, сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ки дар шаҳри Томск сӯҳбат мекард, гуфт, Медведев “Януковичро бо комёбиаш табрик гуфтааст.”
Медведев гуфтааст, ки Маскав ҳар президенти дигар, ба истиснои раҳбари феълии Украина Виктор Юшенкоро ба ҳайси ҳамкор мепазирад.
XS
SM
MD
LG