Пайвандҳои дастрасӣ

Солгарди бистуми раҳоии Мандела


Африқои ҷанубӣ имрӯз солгарди 20-уми раҳоии Нелсон Мандела аз зиндонро таҷлил мекунад. Мандела ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта бо ҷурми раҳбарии намоишҳои эътирозӣ алайҳи низоми нажодпарасти ҳоким дар кишвар ба зиндони умрбод маҳкум шуд ва соли 1990 баъди 28 соли маҳбас озод шуд. Баъди 4 соли раҳоӣ, Мандела нахустин сиёҳпӯсте буд, ки раиси ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ интихоб шуд.
Мандела феълан 91 сол дошта, як рамзи барҷастаи табдили Африқои ҷанубӣ ба ҷомиаи демократӣ шинохта мешавад.
XS
SM
MD
LG