Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко дар ҷаласаи ҳукумат суханронӣ кард


Номзад ба раёсати ҷумҳурии Украина Юлия Тимошенко имрӯз барои нахустин бор аз замони эълони пирӯзии рақибаш Виктор Янукович дар даври дуввуми интихобот дар мазҳари омм зоҳир шуд. Тимошенко, ки феълан сарвазири Украина аст, дар ҷаласаи имрӯзаи кобинаи вазирон Януковичро дар тақаллуби оро айбдор кард, вале иқдомоти баъдиаш дар қиболи натоиҷи эълоншудаи интихоботро ифшо накард.
Янукович, ки бо касби наздики 49 дарсади оро барандаи муқаддамотии интихобот эълон шуд, дирӯз аз Тимошенко даъват кард, ки аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дода, ба мухолифат гузарад.
XS
SM
MD
LG