Пайвандҳои дастрасӣ

Дастрасӣ ба Gmail дар Эрон мушкил шудааст


Ширкати интернетии Google эълон кард, ки корбарони Gmail дар Эрон дар роҳи дастрасӣ ба ин навъи почтаи электронии Google зоҳиран ба мушкил рӯбарӯ шудаанд. Ин эълон дар пасманзари хабарҳоест, ки мегӯянд, мақомоти Эрон мехоҳанд дастрасӣ ба Gmail -ро комилан қатъ кунанд.
Google гуфт, ирсоли номаҳо тавассути почтаи электронӣ дар Эрон шадидан коҳиш ёфта, бархе корбарон дар мавриди дастрасӣ ба Gmail мушкил доранд.
Дирӯз нашрияи амрикоии "The Wall Street Journal" навишт, ки Ожонси мухобиротии Эрон тасмими қатъи комили Gmail-ро эълон карда, дар иваз мехоҳад барои атбоъи ин кишвар хадамоти почтаи миллии электрониро ба роҳ андозад.
XS
SM
MD
LG