Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди Инқилоби исломӣ ва даргириҳои нав


Рӯзи 11-уми феврал дар ҷараёни таҷлил аз солгарди инқилоби исломии соли 1979-и Эрон раҳбарони мухолифину тарафдоронашон бо нирӯҳои амниятӣ вориди даргирӣ шуданд.

Ин ҳодиса ҳангоми раҳпаймоии тарафдорони ҳукумат дар ҷашнҳои инқилоби исломӣ дар Теҳрон рух дод.

Таҷлили имсолаи ин ҷашни давлатӣ дар шароите сурат мегирад, ки кишвар ҳамоно аз бӯҳрони сиёсии баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии порсола бамиёномада ба худ наомадааст. Аксар мухолифон мутмаин ҳастанд, ки пирӯзии дубораи Маҳмуди Аҳмадинажод дар паи тақаллуби раъйҳо имконпазир шудааст. Дар суханронии шодбоши худ ба ширкатдорони намоишҳои идона раиси ҷумҳурӣ Аҳмадинжод гуфт, ки Ҷумҳурии Исломӣ тавонист баъди ду рӯзи оғози ғанисозӣ ду бастаи ураниуми сифатан баландро тавлид кунад. Вай гуфт, ки Эрон акнун ба як давлати ҳастаӣ табдил шудааст:

“Ман мехоҳам ба шумо арз кунам, ки парерӯз кори тавлиди сӯхти 20 дарсад шурӯъ шуд. Ман мехоҳам ба шумо хабар бидиҳам, бо
садои баланд эълон кунам, ки ба лутфи Худо, тавре раиси созмони энержии атомӣ хабар дод, аввалин маҳмулаи сӯхти 20 дарсад тавлид шуд ва дар ихтиёри донишмандон қарор гирифт”.


Дар ҳамон лаҳзаҳое, ки Аҳмадинажод аз минбари баланд дар Теҳрон дар баробари мардум суханронӣ мекард, дар манотиқи марказиву шимолуғарби Теҳрон задухӯрдҳои тарафдорони мухолифин бо нирӯҳои амниятӣ ба қайд расидааст. Яке аз эътирозгарон, ки тоза аз майдони Содиқия баргашт, гуфт, нирӯҳои амниятӣ омода ҳастанд ҳама эътирозгаронро, ҳатто агар шуморашон даҳ ҳазор нафар ҳам бошад, пароканда кунанд. Умед, як шоҳиди дигари айнии ҳодисаҳои рӯзи панҷшанбеи Теҳрон дар сӯҳбат бо радио Фардо гуфт, ки нирӯҳои ҳукуматӣ ба издиҳоми эътирозгарон ҳамла карданд:

“Онҳо мерехтанд ва хеле бад мезаданд. Ман як ҷавонро дидам, ки тасодуфан интихоб карда, ӯро ба миёнаи майдон кашиданд ва ба рӯи замин гузошта, болояш рехтанд ва ба тарзи хеле фаҷеъ заданд. Ман шунидам, ки дар хиёбони Ашрафи Исфаҳонӣ тирандозӣ буд, хеле шулуғ буд. Аз хиёбони Ҳаким рад мешудаму аз болои пул нигоҳ мекардам, дидам, ки хеле шулуғ буд. Мардум ҳам буғ мезаданд. Сабзҳо тоза худро нишон медиҳанд”.

Дар ҳамон атроф, тибқи гузоришҳо, раҳбари мухолифин Меҳдии Каррубӣ ва тарафдорони ӯ мавриди ҳамлаву лату кӯби нирӯҳои амниятӣ қарор гирифтанд. Писари Каррубӣ баъди чанд соат дар сӯҳбат бо радио Фардо гуфт, ки падари ӯ дар ин ҳодисаҳо осебе надидааст. Ҳусейни Каррубӣ саҳнаи лату кӯби мухолифонро чунин тасвир кард:

“Либосшахсиҳову амниятиҳо рехтанд, ба шиддат шурӯъ карданд ба задани мардуму муҳофизин. Ба самти худи оқои Каррубӣ намезаданд, вале муҳофизину мардуме, ки дар он атроф буданд, ба шиддат кӯтак хӯрданд. Ба тарафи онҳо бо гулӯлаҳои ранга мезаданд ва баъди чанд лаҳза онҳоеро, ки ранг гирифта буданд, лату кӯб мекарданд”.

Дар паи ин саҳна, мегӯяд Ҳусейн, падараш маҷбур шуд саҳнаро тарк кунад. Вале ҳамлаи дигарбораи амниятиҳо ба мошине, ки ба он раҳбари мухолифин нишаст, харобу шишаҳояшро пора-пора кард. Ҳусейни Каррубӣ афзуд, аз рӯи хабари шунидааш бародари ӯ Алӣ дар ҷараёни тазоҳуроти имрӯз боздошт шуд. Дар бораи ҳамла ба тарафдорони Каррубӣ дар майдони Озодӣ веблогҳои мухолифин ҳам хабар доданд.

Бар тибқи гузоришҳо, бародари Хотамӣ - Муҳаммадризо Хотамӣ бо ҳамсараш Заҳро Ишроқӣ барои муддати кӯтоҳ боздошт шуда, баъдан таъкид шудаанд, ки ба хотири амнияти шахсиашон дар хона бимонанд. Оқои Хотамӣ узви пешини маҷлис ва хонуми Ишроқӣ набераи калонии муассиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятулло Хумайнӣ аст.

Тибқи хабарҳо, дар остонаи таҷлил аз солгарди инқилоби исломӣ дар Эрон кори хадамоти интернетиву паёмҳои телефонӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз тамоси эътирозгарон бо хориҷа ба ҳам зада шуд. Аммо бо ин вуҷуд, бархе аз эътирозгарон тавонистанд саҳнаҳои шиорзаниву даъват ба баргузории референдумро аз маҳалли эътирозҳои мухолифин тавассути телефонҳои ҳамроҳ дар сайти маъруфи youtube ҷо кунанд.

Коршиносон мегӯянд, Эрон бадтарин бӯҳрони сиёсиро дар тӯли сӣ соли баъди инқилоб пушти сар мекунад ва ҳеҷ ишорае ба беҳбудёбии вазъ ва ё мусолеҳаи миёни ҳукумат ва мухолифин ба назар намерасад.
XS
SM
MD
LG