Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои Фаронса дар Афғонистон хоҳанд монд


Сарвазири Фаронса Франсуа Филлон имрӯз тааҳҳуд супурд, ки Порис пуштибонии низомиаш ба Афғонистонро идома хоҳад дод. Филлон дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар Кобул гуфт, ки нирӯҳои Фаронса “то вақте ки лозим аст”, дар Афғонистон хоҳанд монд. Аммо афзуд, ки Порис барномаи аз ҳудуди 3750 сарбози феълӣ афзоиш додани шумори нирӯҳояш дар Афғонистонро надорад.
Фаронса дар моҳи январ ба Кобул ваъдаи 45 миллион доллар кӯмаки изофӣ карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG