Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониён дар Соланг ба 166 нафар расид


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, теъдоди қурбониёни тармарезиҳои ахир дар кӯҳистони шимоли Кобул метавонад боз ҳам бештар шавад. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Земарай Башарӣ гуфт, то кунун аз зери тармаҳо аҷсоди 166 кушташударо берун кашидаанд, вале маълум нест, ки чанд ҷасади дигар ҳамчунон зери кӯрпаи барф боқӣ мемонад.
Аз рӯзи душанбе дастикам 36 тарма ба ағбаи Соланг дар кӯҳистони Ҳиндукуш фурӯ рехт ва бузургтарин масири иртибототӣ миёни Кобул ва шимоли кишварро бурид.
XS
SM
MD
LG