Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси мушкили қарзҳои Юнон дар нишасти ИА


Президенти ИА Ҳерман Ван Ромпуй гуфт, кишварҳои минтақаи евро дар сурати пеш омадани зарурати кӯмак ба ҳалли бӯҳрони қарзҳои Юнон аз тадобири ҳамоҳангшуда кор хоҳанд гирифт. Ван Ромпуй кадом пешниҳоди мушаххаси кӯмаки молӣ ба Юнонро зикр накард, балки акидан гуфт, ки Юнон чунин дархости кӯмак накардааст.
Раҳбарони 27 кишвари узви ИА имрӯз дар Брюссел мавзӯъи касри будҷа ва мушкилоти қарзҳои Юнонро баҳс карданд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел қабл аз ин ҳамоиш гуфт, ки агар Юнон қоидаҳои дар ИА роиҷро дунбол кунад, кӯмак дарёфт хоҳад кард.
Мушкилоти молии Юнон боиси дар ду моҳи охир 10 дарсад пойин рафтани қурби евро шудааст. Нигарониҳое вуҷуд дорад, ки Португалия ва Испания, боз ду кишвари минтақаи евро, низ метавонанд ба айни мушкил дучор шаванд.
XS
SM
MD
LG