Пайвандҳои дастрасӣ

«Рустам ҷавон аст ва оянда дорад»


Ҳизби ҳокими халқӣ - демократи Тоҷикистон номзадии Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишварро, барои ширкат дар интихоботи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе пешниҳод кардааст.

Хабари номзадии Рустами Эмомалӣ ба интихоботи Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар ҳоле эълом шудааст, ки то интихоботи 28-уми феврали Маҷлиси Олии Тоҷикистон бештар аз ду ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Номзадии писари Эмомалӣ Раҳмон, аз сӯи ҳизби падараш дар ҳавзаи 23-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод шудааст. Абдулазиз Одинаев, муовини раиси созмони душанбегии ҳизби халқӣ - демократ дар ин бора гуфт, «Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи рақами 23 –и ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзад ба вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст. Вай дар асоси қарори конфаронси ташкилоти ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардид».

Масъулони ҲХДТ мавриди амал қарор додани сиёсати ин ҳизбро аз нукоти меҳварии барномаи пешазинтихоботии Рустами Эмомалӣ дониста, ва ибрози умедворӣ кардаанд, ки вай ҷавони арзанда ба курсии вакилӣ аст. Ҷӯрахон Бӯриев, раҳбари дастгоҳи ҲХДТ, «Рустами Эмомалӣ ҷавон аст ва оянда дорад. Дар сурати интихоб шудан ба Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе таваҷҷӯҳ ба ҷавонон бештар хоҳад шуд. Албатта, ин иқдомро тарафдорӣ мекунам».

Масъулони ҲХДТ мегӯянд, тибқи қавонини Тоҷикистон шаҳрванде, ки ба синни 18 мерасад, аз ҳаққи интихоб кардан ва ё интихоб шудан бархӯрдор аст ва Рустами Эмомалӣ низ дар чаҳорчуби ин талаботи қонун рафтор кардааст.

Кӣ бо Рустам вориди рақобат мешавад?


Бад ин тартиб, тибқи иттилои масъулони кумиссиюни интихоботии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе, Худойқули Ҳамроқул, номзад аз ҲНИТ ва як тан номзади худпешбарӣ аз рақибони аслии Рустами Эмомалӣ, дар ҳавзаи интихоботии шумораи 23 –и ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳсуб мешаванд. Ҳикматуллои Сайфуллозода, намояндаи ҲНИТ дар ин робита гуфт, «дар ҳавзаи интихоботие, ки писари Эмомалӣ Раҳмон номзад аст, бояд интихобот ором ва озод гузаранд. Ҳар касе, ки ҳаст бояд дар паҳлӯи ҳамдигар номзад бошанд. Мардум низ оромона интихоб кунанд, ки киро меписанданд. Агар фарзанди президенти кишвар дар интихобот ҳам баранда нашуд, ҳеҷ сару садои дигаре зарурат надорад, ки чаро ин нашуд. Барои ҳамин аз масъулони интихобот хоҳиш дорам, ки дар ин маврид мушкилот эҷод накунанд».

Қадами баъдӣ кадом аст?


Раҳматилло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки ҳадаф аз ин номзадӣ расидан ба қудрат ва он ҳам курсии президентӣ мебошад: «ҳозир имиҷмейкерҳои Рустами Эмомалӣ дар кадом нуқта, муваққатан ҳам бошад, нуқтагузорӣ мекунанд. Ҳозир онҳо дар вакилии Маҷлиси шаҳрӣ будани вай нуқта мегузоранд ва ё ки вайро ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод мекунанд. Агар ба Маҷлиси Миллӣ пешниҳод карда шавад, пас маълум аст, ки дар давоми як – чанд соли оянда вай аз рақибони аслии барои ҷойгузинии раиси Маҷлиси Миллӣ хоҳад шуд. Аз ин нигоҳ, як трамплин барои оянда ба президентӣ рафтани Рустами Эмомалӣ аст».

Ҳамакнун, интихоботи вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе ҳамзамон бо интихоботи порлумонӣ, рӯзи 28-уми феврал баргузор мешавад. Ба гуфтаи Ҳусноро Мирзоева, раиси кумиссиюни интихоботии Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар 70 ҳавзаи интихоботӣ 212 номзад ба қайд гирифта шудаанд, ки ба ҷузъ аз ҳизби аграрӣ, номзадҳои бақия аҳзоби сиёсӣ ва ҳамчунин номзадҳои ба тариқи худпешбарӣ ҳастанд. Бештарин номзадҳоро низ намояндагони ҳизбҳои халқӣ - демократ ва наҳзати исломӣ ташкил медиҳанд.

Рустами Эмомалӣ. CV


Аммо на танҳо ҲХДТ, балки бештари соҳибназарон бар ин боваранд, ки Рустами Эмомалӣ дар ин интихобот пирӯз хоҳад шуд. Зеро, ба таъкиди соҳибназарон, бар иловаи он ки Рустам, писари бузурги президент Раҳмон аст, ҳамчунин дар чанд соли ахир худро дар миёни ҷомеа шиносондааст.

Зимнан, Рустами Эмомалӣ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда ва гуфта мешавад, дар хориҷа низ таҳсил кардааст.
Вай ҳоло раёсати бахши соҳибкории Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистонро бар дӯш дорад.

Нахустин қадами вай барои ворид шудан ба сиёсат дар соли гузашта буд, ки ба мақоми муовини раиси Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон интихоб гардид. Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, Иттиҳоди ҷавонон, бар иловаи аҳзоби сиёсӣ ягона созмонест, ки ҳаққи пешниҳодии номзад ба раисҷумҳуриро дорад. Баъдтар, дар моҳи декабри соли гузашта дар Анҷумани ҲХДТ, Рустами Эмомалӣ ба узвияти раёсати ин ҳизб пазируфта шуд.

Аз сӯи дигар, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, Рустамро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳайси мубтакир ва ҳамлагари дастаи футболии “Истиқлол” мешиносанд. Ин даста дар соли нахустини таъсисаш унвони қаҳрамони Душанбе ва ғолиби Лигаи аввалро бо иловаи Ҷоми Душанбе ба даст оварда буд ва дар соли 2009 дар сабқати қаҳрамонии кишвар ҷои чаҳорумро гирифта, ҷоми Тоҷикистон ва ҷоми Рустам Долтабоевро низ соҳиб шуд.

Рустами Эмомалӣ ягона фарзанди президент Раҳмон нест, ки исмаш дар саҳнаи сиёсат дар Тоҷикистон гирифта мешавад. Дар соли гузашта Озода Раҳмонова, духтари раисҷумҳур низ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардида буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG