Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориш дар бораи рафти бунёди нирӯгоҳи Роғун


Соли 2009 дар нирӯгоҳи Роғун ба маблағи 532,5 миллион сомонӣ, муодили қариб 124 миллион доллар, корҳои сохтмонӣ анҷом шудааст. Нуруллоҳ Шулашов, мудири ҷамъияти саҳҳомии “Нирӯгоҳи Роғун” дирӯз дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин хабар дод, ки дар ин сохтмон беш аз 7200 нафар кор мекунанд ва ҳар моҳ ба маблағи 40-45 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода мешавад.
Душанбе феълан мехоҳад бо қувваи худ сохтмони ин нирӯгоҳи бузургро анҷом диҳад. Ба ин мақсад маъракаи густардаи таблиғотие роҳандозӣ шуда, тайи як моҳи гузашта ба маблағи 700 миллион сомонӣ саҳмияҳои ин нирӯгоҳ ба мардум фурӯхта шудааст.
XS
SM
MD
LG