Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
То баргузории интихоботи парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон 17 рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Ба назар мерасад, бо наздикшавии санаи баргузории ин ҳодисаи муҳими сиёсии кишвар огаҳии мардум аз ин маърака бештар мешавад. Аммо ҳам рӯшан мегардад, ки мардум фақат аз баргузории ин маъракаи сиёсӣ огаҳӣ доранд, вале дар мавриди номзадҳои худ ва барномаҳои онҳо тақрибан бехабаранд.

Наворбардори "Озодӣ" аз сокинон суол кард, ки оё шумо дар интихоботи гузаштаи парлумонии Тоҷикистон ширкат доштед, ба кадом номзад овоз дода будед ва оё номзади интихобкардаи шумо агар пирӯз буд, дар парлумон аз шумо хуб намояндагӣ кард ва хостаҳои шуморо бароварда сохт?





Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG