Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои пароканда дар Теҳрон


Имрӯз дар ҷараёни таҷлили солгарди 31-уми инқилоби исломии Эрон миёни нирӯҳои тарафдори давлат ва ҷонибдорони мухолифин даргириҳои парокандае сурат гирифтааст. Таҷлили имсолаи солгарди инқилоб дар ҳолест, ки Эрон ба далели эътирозҳои пасоинтихоботӣ ба бадтарин бӯҳрони дохилӣ аз замони инқилоби исломӣ рӯбарӯ шудааст.
Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар маркази Теҳрон дар баробари ҳазорон нафар аз тарафдорони гирдиҳамомадааш суханронӣ кард, аз гӯшаҳои дигари пойтахти Эрон дар бораи даргириҳои пароканда хабар мерасид.
Раҳбари мухолифин Маҳдии Каррубӣ ва раисиҷумҳури собиқ Муҳаммади Хотамӣ ҳадафи ҳамлаи тундравон қарор гирифтаанд, вале осебе ба онҳо нарасидааст.
Нирӯҳои амниятӣ барои як муддати кӯтоҳ Муҳаммадризои Хотамӣ, бародари раисиҷумҳури собиқ Муҳаммади Хотамиро ҳамроҳ бо ҳамсараш Заҳро Ишроқӣ, ки набераи асосгузори инқилоби исломии Эрон оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнист, боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG