Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дузди қонунӣ ва ҳиммати ӯ


Рафиқон дуздон, ғоратгарон ва одамкушон! Ман аз ҳамаи шумо миннатдорам, ки ба ин бандаи ганда, эҳтироми хуб зоҳир кардед ва дар чунин анҷумани бонуфуз, ки бонуфузтарин ҷинояткорон ҷамъ омадаанд, маро ба унвони бузурги «Дузди қонунӣ» сарфароз гардонидед.

Дар ин роҳи дуру дарозе, ки оқибат маро ба ин унвони фархунда расонидааст, номаъқулиҳои... яъне корҳои арзандае ба анҷом расонда шудаанд, ки дар таърихи касби мо ҷои сазоворро ишғол кардаанд.

Аз ҷумла: пас аз бори дуюм аз зона... яъне ба озодӣ баромаданам чанд вакт «бекор» мондам ва аз ин истифода бурда, найранге бофта баровардам, ки госсплани давраи СССР дар ҳафтоду чанд соли мавҷудияташ ба он намерасид... Гумон мекунам, дуздони мўҳтарами калонсол хуб дар ёд доранд он рўзҳое, ки якбора дар чанд шаҳр, дар даромадгоҳи хонаҳо эълони санпедстансияҳо часпонида шуда буд. Мазмуни эълон тахминан чунин буд: «Рафиқон истиқоматкунандагон, пагоҳ соати 12.00-и саҳарӣ, ба муқобили ҳашароте, ки нонхўрак ё худ дар забони омма таракан ном дорад, муборизаи якҷоя ва яквақтаи халқӣ оғоз меёбад. Хоҳишмандем хонаатонро беодам намонед, то ки барои дору пошидан дарро кушояд. Аз онҳое, ки имконияти дар хона нишастан надоранд, хоҳиш мекунем, ки дар паси дарашон, дар берун банка ё ягон зарфи шишагии дулитра монанд. Мо ба он банкаҳо дору андохта мемонем ва баъди аз кор омаданатон худатон онро мепошед. Маъмурият.»

Ин найранг, меҳнати ҳалоли ман буд. Онҳое ки ба ин эълон бовар карда, дар паси дарашон банка монданд, баъди аз кор баргаштан аз хонаҳояшон ба ғаӣр аз таракан, банкаҳои холияшон ва коғазпече, ки бо ҳарфҳои чопӣ «Ташаккур» навишта шуда буд, чизи дигаре наёфтанд. Зеро банка нишони беодамии хона буд ва он хонаро шогирдони ман бо хотири ҷамъ комилан «тоза» мекарданд.

Бори дигар хонаи ҷавонзанеро задам. Медонистам, ки шавҳараш дузана аст. Дар он ҷо ду қолини кори калоне буд. Қолинҳоро печонда аз дар баромадам, ки аз зинапояҳо садои пой ба гўшам расид. Ман зуд қолинҳоро ба девор такя кунонда, дари хонаро пўшидаму, тугмаи занги дарро пахш кардан гирифтам. Ҳамон марди дузана ба наздам омада салом дод ва худро шиносонд.
- Соҳиби ин хона манам. Хизмат?

Гуфтам, ки як рафиқам ба ман ду қолин фармуда буд. Ман қолинҳоро овардам, вале мутаассифона ў ба командировка рафтааст. Акнун намедонам чӣ кор кунам? Худам аз дигар шаҳрам. Ин қолинҳоро баргардонда бурдан ба ман душворӣ мекунад. Дарҳоро барои он занг мезанам, ки шояд харидоре ёфт шаваду, маро аз ин дарди сар халос кунад.

Ў нархи қолинҳоро пурсид. Ман барои ҳар ду қолин нархи яктоашро талаб кардам. Вай ҳам савдо накарда, пулро ба ман доду, хоҳиш кард, ки қолинҳоро дароварда, дар даҳлез монам. Ман хоҳиши ўро баҷо оварда, зуд ғайб задам...

Албатта, дар кори мо ҳам баъзан хатогӣ роҳ меёбад. Боре, хонаи олими мўътабареро тоза карданӣ шудам. Пас аз як ҳафтаи поиш, ниҳоят, чанд намуди қулфҳоро кушодаву шикаста ба хона даромадам...

Дар хона ба ғайр аз китоб чизе нест. Дар болои миз мактубчае... Не, мактуб ҳам не, илтиҷономае навишта шуда буд. «Мўҳтарам дузд. Ман душвории кори шуморо мефаҳмам... Вале, шармандаам, ҳоло чизе надорам, ки боиси хурсандии шумо шуда тавонад. Ба ҳар ҳол, умедворам, ки шумо ноумед намешавед ва хонаро як бор чаппаю роста карда мебинед. Кӣ медонад, шояд ман чизеро дар куҷое монда, баъд фаромўш карда бошам... Соҳиби хона профессор Бойбобоев»...

Ин навишта ба ман чунон алам кард, ки ман тамоми пули ҳамон рўз аз қимор бурдаамро дар болои миз ниҳодаму боз қоғазчае навишта ваъда додам, ки аз ягон ҷой як телевизори ранга ҳам дуздида ба ў медиҳам...

Ҳоло ки шумо маро ба ин унвони баланд сазовор донистед, гумон мекунам, вақти ба хабаргирии олим рафтан расидааст. Шогирдонам яке аз экранҳое, ки дар кўчаҳо барои реклама гузошта шудааст, барои ҷашни имрўзаи ман овардаанд. Мехоҳам онро ба олим барам. Лекин метарсам, ки муаллифи экран худи ҳамон олим набошад. Ба ҳар ҳол як ҳиммат кардан лозим...
XS
SM
MD
LG