Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия ҳавзаи интихоботии тоҷикон ташкил шуд


Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русии хабар додааст, ки дар Русия ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст ва Кумиссиюни марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон сарпарастии онро ба Абдулмаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Русия вогузор кардааст. Бар асоси ин хабар, намояндагони ин ҳавза барои омодагӣ ба интихоботи порламонии 28-ӯми феврал ба ҷуз аз Маскав ба шаҳрҳои Санкт Петербург, Новосибирск, Самара, Волгоград, Кемерово, Перм ва Екатеринбург фиристода мешаванд. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар хабари матбуотии худ гуфтааст, барои интихобкунандагоне, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, барои райдиҳӣ ду барга ё варақаи рай пешкаш мешавад. Дар яке номи ҳизбҳои сисёсӣ ва дар дигарӣ номи 41 номзади алоҳида оварда шудааст. Ҳар интихобкунанда имкон дорад, ки барои яке аз ҳизбҳои сиёсӣ ва барои яке аз номзадҳои маҳалли зисти худ дар Тоҷикистон рай диҳад.
XS
SM
MD
LG