Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти бародари Хотамӣ ва набераи Хумайнӣ


Бино ба гузориши як сомонаи ислоҳталабони Эрон, мақомоти Ҷумҳурии исломӣ бародари раисиҷумҳури собиқ Муҳаммади Хотамиро ҳамроҳ бо ҳамсараш, ки набераи асосгузори инқилоби исломии Эрон оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнист, боздошт кардаанд.
Сомонаи “Роҳи сабз” гуфтааст, Муҳаммадризо Хотамӣ ва завҷаи ӯ - Заҳро Ишроқӣ рӯзи панҷшанбе дар боздошт қарор доштанд.
Дар бораи бархе даргириҳои хурдуреза дар Теҳрон, аз ҷумла ҳамла ба мошини раҳбари мухолифин Маҳдии Каррубӣ низ гузориш шудааст.
XS
SM
MD
LG