Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Телевизиони давлатии Эрон раҳпаймоии ҳазорон нафар аз тарафдорони давлатро намоиш медиҳад, ки имрӯз ба хотири таҷлил аз солгарди 31-уми инқилоби исломии соли 1979 ба хиёбонҳо рехтаанд.

Раҳбарони мухолифин аз ҷонибдорони худ даъват кардаанд, дар ҳошияи маросими расмии таҷлили солгарди инқилоб раҳпаймоиҳои эътирозӣ барпо кунанд.

Эрон баъд аз эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи моҳи июни раёсати ин ҷумҳурӣ ба мавҷи эътирозҳои густардаи мухолифин, ки он интихоботро пуртақаллуб мехонанд, рӯбарӯ шудааст. Дар эътирозҳои моҳи декабр дар Теҳрон дастикам 8 нафар кушта шуданд.

Мақомоти Эрон дар арафаи солгарди инқилоби исломӣ алайҳи ҳар навъ талоши тахриб кардани тартибот ҳушдор додаанд. Дар пешорӯи рӯзи инқилоб чандин нафар аз фаъолони мухолифин боздошт шуданд ва шоҳидони айнӣ мегӯянд, рӯзи 11 феврал ба хотири муқобила ба ҳар навъ талоши роҳандозии намоишҳои эътирозӣ дар кӯчаҳои пойтахт, шаҳри Теҳрон, садҳо маъмури пулис мустақар шудаанд.
Қарор аст, раҳпаймоиҳои имрӯзаи тарафдорони давлат бо гирдиҳамоии бузурге дар майдони Озодӣ ва бо суханронии раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар баробари гирдиҳамомадагон ба поён расад.

Сомонаҳои интернетии мухолифин мегӯянд, ки алакай ҳазорон нафар аз тарафдорони мухолифин дар наздикии майдони Озодӣ ҷамъ омадаанд.
XS
SM
MD
LG