Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Узбакистон аккос ва филмбардори саршиноси ин кишвар Умеда Аҳмадоваро дар тӯҳмат ва паст задани шарафи миллии мардуми узбак айбдор кард, аммо пас аз эълони айбнома ӯро афв намуд.

Вазорати фарҳанги Узбакистон силсилаи аксҳои Аҳмадова таҳти унвони "Зан ва мард. Аз субҳ то шом" ва филми ӯ "Бори бакорат"-ро, ки дар он зиндагӣ ва машаққати мардуми деҳоти Узбакистонро ба намоиш гузоштааст, тӯҳмат ва таҳқир ба унвони мардумони ин кишвар номид.

Дар ҳоле ки худи ӯ ин айбномаро рад кард ва гуфт, дар корҳои ӯ танҳо расму оин ва суннатҳои мардуми Узбакистон бозтоб ёфтаанд, додгоҳ бар пояи таҳлилҳои гурӯҳи коршиносон Аҳмадоваро муҷрим донист.

Ин гурӯҳ Аҳмадоваро айбдор кард, ки аз ҳаёт ва урфу одати мардуми узбак тасвири манфие бардоштааст ва узбакҳоро ба ҳайси "барбариён"-е нишон додааст, ки гӯё дар қуруни вусто ба сар мебаранд.

Ба навиштаи таҳлилгарони додгоҳ, "муаллиф асосан ба ду анъана тамаркуз кардааст, ки яке никоҳ ва дигаре хатна аст. Дар ҳарду ҳолат одамон дар ҳоли гиристан тасвир ёфтаанд. Арӯсон бо ашки чашм ба волидони худ падруд мегӯянд ва писарҳои хурдсол аз тарси хатна мегирянд. Муаллиф воқеан мехоҳад, мардуми узбакро барбарӣ намудор кунад."

Гурӯҳ ба натиҷае расидааст, ки Аҳмадова аз узбакҳо қурбониёни бечора ва беилоҷро нишон медиҳад.

Дар филми мустанади "Бори бакорат", ки аз тарафи ӯ ва ҳамсараш Олег Карпов таҳия шудааст, анъанаи ҳифзи бакорати духтарон то шаби никоҳ баррасӣ мешавад. Дар он зане саргузашти худро ҳикоят мекунад, ки пас аз шаби аввал дар хонаи домод ба иллати бокира набуданаш ронда шудаст ва солҳост бар замми бадномии худу хонадонаш наметавонад, шарики ҳаёт пайдо кунад.

Вокуниш ба ин филм дар Узбакистон гуногун буд. Бархе аз мунаққидон онро баҳсбарангез номиданд. Мақомоти сафоратхонаи Швейтсария, ки филмро сармоягузорӣ карда буданд, дарҳол аз он фосила гирифтанд. Аксҳои Умеда Аҳмадова дар Копенҳаген, Тифлис ва ҷойҳои дигар намоиш дода шуданд. Бо ин силсила вай дар соли 2004 барандаи Шоҳҷоизаи озмуни "Интер-Пресс-Фото" дар Маскав шуд.

Додгоҳ ҳамаи иттиҳомоти алайҳи Аҳмадоваро тасдиқ кард, аммо дар толор ӯро афв намуд. Вай аз додгоҳ ҳамчун шахси озод берун шуд ва мегӯяд, азбаски гуноҳе накардааст, ҳукмро мавриди шикоят ва бознигарӣ қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG